10 рӯзи бефоиз аз «Бонки Эсхата» барои овердрафти корти пардохтӣ!

Март 1, 2017 15:27

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо рушду пешрафти технология, талабот ба пардохти ғайринақдӣ зиёдтар мегардад.
Тавре аз «Бонки Эсхата» иттилоъ доданд, соҳибони корти пардохтӣ бо пайвастан ба лоиҳаи музди маош аз якчанд муаммоҳои гирифтани пули нақд озод шудаанд.
«Лоиҳаи музди маош аз ҷиҳати сарфа, бехатарӣ, автоматикунонӣ, махфият ва суръати тез бартариятҳои зиёд дорад. Минбаъд ба қарзи овердрафти лоиҳаи маош ба муддати 10 рӯзи корӣ давраи имтиёзӣ дода мешавад»,- гуфт манбаъ.
Овердрафт- ин маблағи қарзӣ то маош буда, онро мизоҷ аз рӯи талаботи худ истифода карда метавонад. Овердрафт барои он қулай мебошад, ки дар он на зомин ва на гарав лозиманд. Маблағи қарзи овердрафт шабонарӯзӣ ба муддати 24 соат дастрас мебошад. Пардохти қарзӣ бо пуркунии суратҳисоби корт ба таври автоматикӣ амалӣ карда мешавад ва пардохти пурраи он қарзи овердрафтро аз нав барқарор мекунад. Ҳаҷми овердрафт 40% маоши моҳонаро ташкил намуда, ҳамзамон фоизи моҳона ба 3% баробар аст.
Ҳангоми гирифтани қарзи овердрафт дар доираи лоиҳаи музди маош, даҳ рӯз давраи имтиёзӣ дода шуда, фоиз барои истифодаи ин даҳ рӯз ситонида намешавад. Дар сурати гузаштани ин муҳлат, фоизи қарзи овердрафт аз рӯзи аввали истифодаи он ҳисоб карда мешавад. Барои гирифтани қарзи овердрафт танҳо лозим аст, ки мизоҷ корти пардохтӣ ва даромади мунтазам дошта бошад.

Март 1, 2017 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд