126 нафар ба омӯхтани касбҳои қолинбофӣ, сабадбофӣ, қаннодӣ ва адрасбофӣ ҷалб гардиданд
ВАҲДАТ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон бори дуюм аст, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат ярмаркаи ҷойҳои кориро бо иштироки корхона ва муассисаҳои шаҳр доир мекунад.
Тибқи иттилои муовини сардори шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат Салима Абдуллоева, аз ҷониби 28 корхонаю муассиса 143 ҷойи корӣ пешниҳод гардид. Дар ярмарка 430 нафар шаҳрвандони корҷӯй иштирок намуда, 30 нафар барои кор роҳхат гирифтанд.
Инчунин дар соли 2017 дар филиали муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолон дар шаҳри Ваҳдат ба омӯхтани касбҳои қолинбофӣ, сабадбофӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, кулолгарӣ ва ниҳолпарварӣ 126 нафар ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 89 нафарро ҷавондухтарон ва занони хонашин ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






