3 март-Рӯзи умумиҷаҳонии нависанда. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъалаи пешбарии асарҳои нависандагон ба ҷоизаҳои давлатиро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори анҷумани клуби байналмилалии ПЕН (P.E.N. International) ҳамасола 3 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии нависанда таҷлил мешавад. Нахустин дар ҷаҳон ПЕН-клуб соли 1921 дар Лондон таъсис ёфта, номи ташкилот аз ҳарфҳои аввали калимаҳои англисии Poets (шоирон), Playwrights (драматургон), Editors (муҳаррирон), Essayists (эссенависон, очеркнависон) ва Novelists (романнависон) гирифта шудааст. Ва нахустин роҳбари ин клуб адиби барҷаста, дорандаи Ҷоизаи Нобел Ҷон Голсуорси буд.
ПЕН-клуб барои озодии матбуот талош намуда, ба муқобили сензура дар замони осоишта мубориза мебарад. 80 маркази Пен- клуб дар 60 давлати дунё аз рӯи барномаҳои худ амал менамоянд. Соле як маротиба ин марказҳо намояндагони худро ба анҷумани байналмилалии Пен- клуб, ки бо навбат дар Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрико мегузарад, мефиристанд.
Тавре аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, дар кишвари мо маркази Пен-клуб дар шакли англисии он амал намекунад. Вале худи Иттифоқ вазифаи Пен-клуб ё маркази адабиро иҷро менамояд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин рӯзро бо баргузории ҳар гуна маҳфилҳои адабӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ҷашн мегирад.
Тибқи иттилои Ато Мирхоҷа, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз ҷумла имрӯз, 3-юми март баргузории ҷаласаи машваратии Раёсати ИНТ дар назар аст, ки дар он масъалаи пешбарии асарҳои нависандагон ба ҷоизаҳои давлатии ба номи устодон С.Айнӣ ва М. Турсунзода баррасӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






