6 март-Рӯзи байналмилалии дандонпизишк: дандонҳоро аз хурдсолӣ бояд эҳтиёт кард!

Март 6, 2017 15:53

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили 6 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии дандонпизишк солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Аз кашфиёти археологии асрҳои 6-4 то мелод бармеояд, ки ҳато дар он асрҳо одамон дандонҳояшонро сӯрох карда, аз пӯсиш тоза мекардаанд.
Бино ба гуфтаи дандонпизишк Исроил Маҳмадалиев, солҳои охир соҳаи стоматология босуръат рушд дорад. «Дар ин самт пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд, духтурон аз таҷҳизоти муосиру маводи босифат истифода мекунанд. Дар ҷумҳурӣ марказҳои зиёди стоматологӣ фаъол мебошанд, ки қариб ҳамаи мушкилоти беморонро осон мекунанд. Вале бояд зикр намуд, ки то ҳол ҳастанд духтуроне, ки аз маводи пастсифат истифода мебаранд. Маводи тиббӣ имрӯз хеле гаронанд ва мо ҳамаи онро аз хориҷи кишвар харидорӣ мекунем»,-илова намуд И.Маҳмадалиев.
Ба андешаи дандонпизишк, бештари беморон одат кардаанд, ки дандонашон то дард накунад ё ягон мушкилӣ дар ин самт пеш наояд, ба духтур муроҷиат намекунанд. «Вале бояд гуфт, ки дандонро дар синни хурдсолӣ муоина ва муолиҷа кардан лозим аст. Бояд аз хурдсолӣ кӯдак духтури худро дошта бошад, то вай ҳамаи мушкилоти кӯдакро аз хурдсолӣ донад ва бартараф кунад»,-зикр намуд дандонпизишк.
И. Маҳмадалиев доим ба беморонаш тавсия медиҳад, ки дар як сол ду маротиба ҳатман аз муоинаи дандонпизишк бояд гузаранд. Вале мутаассифона, бештари мардум ин қоидаро фаромӯш мекунанд. «Бештари одамон ҳатто аз сабаби зиёд будани кор ё хасташавӣ ду маротиба шустани дандонҳояшонро фаромӯш мекунанд. Дар бештари оилаҳо як дандоншӯякро чанд нафар истифода мекунанд, ки ин аз рӯи қоидаҳои беҳдошт нест. «Бештари ҷавонони мо одат кардаанд, ки бо дандон сарпӯши нӯшокиҳоро кушоянд, ё бо дандон чормағз мешикананд, ки ин амалҳо ба вазъи дандонҳо таъсири манфӣ мерасонанд»,-афзуд дандонпизишк.
Дандонпизишкон тавсия медиҳанд, ки ҳар як шахс бояд дар як моҳ як маротиба дандоншӯякашро иваз кунад. Шахсоне, ки тамоку мекашанд, бояд бештар ба дандонпизишкон муроҷиат намоянд, то қабати зарди дандонҳоро сари вақт тоза намоянд ва он ба санги дандон табдил наёбад.

Март 6, 2017 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид