Ҳаҷиме Китаока, Сафири Япония: «Мехоҳам шумо моҳияти фарҳанги анъанавии Японияро, ки таърихи онро таҷассум менамояд, эҳсос намоед»

Март 6, 2017 16:38

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 марти соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Япония Рӯзҳои фарҳанги Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар барномаи фарҳангии мазкур Олим Салимзода, Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Тоҷикистону Япония, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кормандони Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Jicа) ва ҳунармандон аз Россия, Япония ва Эрон иштирок карданд.
«Боиси ифтихори бузург аст, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангии Япония дар Тоҷикистон ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам Япония хеле муҳиманд, зеро соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 25 сол сипарӣ гардид. Хоҳиши самимии ман ин аст, ки шумо тавассути ин барнома моҳияти фарҳанги анъанавии Японияро, ки оғози бисёр ҳодисаҳои таърихии онро таҷассум менамояд, эҳсос намоед»,-иброз дошт Ҳаҷиме Китаока, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Япония моҳи декабри соли 1991 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 2 феврали соли 1992 миёни кишварҳои мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Аз охирҳои солҳои навадуми асри гузашта дар муносибатҳои дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония марҳилаи нав оғоз гардид. Сафарҳои кории сатҳашон гуногун дар Душанбе ва Токио ба рушди ҳамкории дуҷониба сабаб гардида, заминаи мусоид фароҳам оварданд. Моҳи майи соли 2001 сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония сурат гирифт, ки бешак ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония такони нав бахшид. Имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки барои ҳамкории дуҷониба миёни кишварҳои мо заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд»»,-зикр кард Олим Салимзода.
Дар барномаи фарҳангӣ, ки ду рӯз идома ёфт, консерти мусиқии суннатии ҷопонӣ, намоиши рақси суннатии ҷопонӣ, намоиши икебанаю оригамӣ, санъати наҷҷории ҷопонӣ, варзиши ҷопонӣ, либоси суннатии ҷопонӣ ва намоиши филмҳои муосири ҷопонӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Март 6, 2017 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд