Аҳли фарҳанги Хуҷанд дар барномаҳои наврӯзии шаҳри Шимкенти Қазоқистон иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи намояндагони санъату ҳунари шаҳри Хуҷанд дар барномаҳои наврӯзии мардуми Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, 22 марти соли равон ҳунармандони шинохтаи тоҷик барномаи хосаи наврӯзиро пешкаши мардуми Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон намуданд.
Ба иштирокчиёни барномаҳои наврӯзии бародаршаҳри Хуҷанд- Шимент суруду таронаҳои Насибахон Узоқова, Сироҷиддин Худоймерганов, Сардор Солиев, Мадина Абдуллоҷонова, Аловаддин Бобоҷонзода, Ҳилолиддин Шамсиев, Абдураҳмон Нурматов ва мутрибону раққосагони Тоҷикистон писанд омад ва онҳоро гарму самимӣ пазироӣ намуданд.
Аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ба роҳбарони мактабҳои тоҷикӣ китобу адабиёти тозанашри адибону олимони Тоҷикистон туҳфа карда шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






