Аҳтам Абдуллозода бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, намояндаи палатаи савдои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷидда, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода аз имкониятҳои сайёҳие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, ёдовар шуда, аз ҷумла зикр кард, ки аз сабаби он, ки кишвари мо табиати биҳиштосо ва кӯҳҳои осмонбӯсу кӯлу дарёҳои зебо дорад, сол то сол ташрифи сайёҳон меафзояд.
«Агар дар соли 2015 аз 59 кишвари дунё сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада бошанд, пас ин шумора дар соли 2016 ба зиёда аз 100 давлати дунё расид. Ин гувоҳи рушди туризм дар кишвари мо мебошад. Шумо, ки мутахассиси хуби соҳаи сайёҳӣ ҳастед, умедворам аз имкониятҳои мавҷудаи ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаред ва мо омодаем дар ташкили кори шумо ҳамаҷониба мусоидат намоем»,- зикр кард Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Аз он замоне, ки ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардам, аз меҳмоннавозию истиқболи мизмонон то ҳол худро дар ин ҷо бегона ҳис накардаам. Инчунин аз маълумоте, ки ман аз вохӯриҳои худ бардошт кардам, мехоҳам дар соҳаи сайёҳӣ, ки дар ин кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад, бо кумакҳои бевоситаи шумо ва дигар роҳбароне, ки бо онҳо мулоқот намудам, ҳамкорӣ намоям»,-гуфт Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, намояндаи Палатаи савдои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷидда, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies» дирӯз бо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.








Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд






