Аҳтам Абдуллозода: «Суруди аллаи модар дар вуҷуди ҷавонон меҳру муҳаббати модарро бедор мекунад»
ДУШАНБЕ, 04.03.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия фестивали ҷумҳуриявии «Суруди аллаи модар» баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки занону модарон инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд.
«Ҳар қадаре зан бомаърифат бошад, ҳамон қадар оила ва ҷомеаву давлат ободу зебо ва устувор мегардад. Заҳматҳои беназири зан- модар дар ҳаққи фарзанд моро водор месозанд, ки қадру қимат ва эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо оварем ва барои ӯ шароити мусоид муҳайё кунем, то ӯ тавонад дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки фестивали ҷумҳуриявии «Суруди аллаи модар» ба ифтихори Рӯзи Модар ва Соли ҷавонон доир гардида, он бо мақсади дар вуҷуди ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат ва дӯст доштани модар роҳандозӣ шудааст.
Дар фестивали ҷумҳуриявии «Суруди аллаи модар» ҳунармандону ҷавондухтарони боистеъдод аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар васфи модар, аллаи модар, навозиши модар ба фарзанд сурудҳо сароиданд.






















Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






