Абдулло Навҷувонов: «Наврӯз-ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилист»

Март 29, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди байналмиллалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар идгоҳ ҳар як раёсат гӯшаи алоҳидаеро бо рамзи Наврӯз зебу зиннат дода, дар он нақшу нигори миллӣ, асбобҳои гуногуни халқӣ, дастархони идона, рамзҳои ҳафтшину ҳафтсин ва таомҳои миллиро, ки аз ниёгони мо то ба имрӯз боқӣ мондаанд, бо маҳорати баланд ба намоиш гузоштанд.
Дар ҷараёни чорабинии идона барои мухлисони варзиш мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва сангбардорӣ баргузор гардид. Шумораи зиёди паҳлавонони далеру обутобёфта дар назди мухлисону тамошобинон қувваи бозуи худро нишон дода, ғолибони мусобиқа бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар маҳфили идона муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба онҳо ободии рӯзгор ва некӯаҳволии зиндагӣ таманно намуд. Мавсуф иброз дошт, ки «ҷамъ омадан дар ин мавзеи зебоманзар аз шарофати Наврӯзи Аҷам ва қадами мубораки баҳори хуррам ба ин мулки биҳиштосо буда, яке аз суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ — ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамдилӣ имрӯз мову Шуморо гирди ҳам овардааст».

Март 29, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд