Қадрдонии сарнишине, ки байни ҳаёт ва мамот мубориза бурд

Март 15, 2017 17:08

ДУШАНБЕ, 15.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сардори ҳайати сарнишинони ҳавопаймои «Boeing 737 300», мансуб ба ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик-Эйр»-Абдурашид Ясиновро барои шуҷоатмандию корнамоӣ зимни иҷрои вазифа ва касбияти баландаш дар таъмини амнияти мусофирон бо панҷ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин бора Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод
Бояд тазаккур дод, ки шаби 9 март ҳавопаймои «Boeing 737 300» зимни парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Тараз /Қазоқистон/ бинобар сабаби нуқс пайдо шудан дар чархи рости ҳавопаймо дар ҳолати изтирорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруд омад, ки онро сарнишини ботаҷриба Абдурашид Ясинов идора мекард.
Ҳавопаймои «Boeing 737 300», ки дар хатсайри Хуҷанд-Москва парвоз менамуд, баъди пур кардани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Тараз парвозро ба самти Москва идома дод, вале бо сабаби пайдо шудани нуқси техникӣ дар чархи рости ҳавопаймо дар соати 21:00 аз фурудгоҳи Тараз ба самти Хуҷанд парвоз намуд. Дар он лаҳзаҳои тақдирсози байни маргу ҳаёт ҳавопаймои «Boeing 737 300», ки дар он 140 нафар мусофир ва 9 нафар ҳайати сарнишинон қарор доштанд, баъди 3 соату 40 дақиқа бо холӣ кардани сӯзишвории ҳавопаймо дар фазо ба таври изтирорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруд омад.
Хушбахтона касе аз мусофирон ва ҳайати сарнишинон осеб надид.

Март 15, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад