Қадрдонии сарнишинони ҳавопаймои «Boeing 737 300» бо 10 ҳазор сомонӣ аз ҷониби роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд

Март 31, 2017 17:07

ХУҶАНД. 31.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба кори сардори ҳайати сарнишинони ҳавопаймои «Boeing 737 300», мансуб ба ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик-Эйр» — Абдурашид Ясинов, ҳавонаварди дуюм Раҳматҷон Холматов ва дигар халабонҳои ҳавопаймо барои шуҷоатмандию корнамоӣ зимни иҷрои вазифа ва маҳорати касбиашон дар таъмини амнияти мусофирон баҳои баланд дода, дирӯз зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ хизмати онҳоро бо даҳ ҳазор сомонӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар масъулин аз хадамоти матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки шаби 9 март ҳавопаймои «Boeing 737 300», ки дар хатсайри Хуҷанд-Москва бо 140 нафар мусофир ва 9 нафар ҳайати сарнишинон парвоз менамуд, баъди пур кардани сӯзишворӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Тараз /Қазоқистон/ парвозро ба самти Москва идома дод, вале бо сабаби пайдо шудани нуқси техникӣ дар чархи рости ҳавопаймо соати 21:00 аз фурудгоҳи Тараз ба самти Хуҷанд парвоз намуда, баъди 3 соату 40 дақиқа бо холӣ кардани сӯзишвории ҳавопаймо дар фазо дар ҳолати изтирорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруд омад.

Март 31, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд