Академик Носирҷон Салимӣ: «Айёми ҷавонист заминрову замонро!»

Март 16, 2017 08:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2017./АМИТ «Ховар»/. «Басо хушоянду сурурбор аст, ки боз кишвари маҳбуби биҳиштосои моро фазои мушкбезу атромези баҳорӣ фаро гирифта. Баҳори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳусну таровати тозаву беназиру дилпазир дорад ва ҳамагонро мафтуну болидарӯҳ месозад. Вуруди баҳор «бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб» оламу одамро бедору ҳушёр ва ба фаъолияти бобарор водор мекунад, ҳама ҷо шавқу сурур, созандагиву бунёдкорӣ авҷи дигар мепазирад». Чунин муроҷиат намудааст ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ дар паёми табрикии худ ба устодону шогирдон ва кормандони донишгоҳ.
Дар Паём ҳамчунин омадааст: «Баҳор бо он фархундаву фараҳбортар аст, ки дар оғӯш Наврӯз дорад-ҷашне, ки ба шиносномаи миллати сарафрохтаи тоҷик табдил ёфта. Наврӯз муқаддастарин, пазиротарин оини ниёгони мост, ки умри бардавому безавол дорад. Он муждаи эҳёи табиат, рамзи сарсабзиву шукуфоӣ, паёмовари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, хирад бар ҷаҳолат ва овони тарабу шодмонист. Наврӯз пайвандгари наслҳо буда, дар арсаи таърих монеаву ихтилофҳои зиёдеро бартараф кардаву баршикаста, азму ниятҳои нопоки басо нотавонбинонашро ботил сохта, бо ҳама ҳусну назокаташ, бо ҳама мазмуну муҳтавояш то ба замони мо расидааст ва умраш боз ҳам бардавом хоҳад буд».
Ба қавли академик Носирҷон Салимӣ, «ин фархундаҷашни ҳумоюнфар дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон густариши бесобиқа дарёфт, ҳамчун волотарин сарвати маънавии миллат пазируфта шуд. Ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёди қавии ватандӯстонаву башарпарварона дорад, мусоидат намуд. Бо ибтикори пайгиронаи Сарвари кишвари хуршедии мо ва бо ҳамовозии иддае аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва доираи таҷлилаш хеле густариш ёфт».
Дар идомаи паёми худ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ  таваҷҷуҳи  хосаи Пешвои миллат ба Наврӯз чун ба дигар анъанаҳои мардумиро зикр намуда, аз чунин  суханони Сарвари давлат дар ситоиши ин ҷашни хуҷаста ёдовар шудааст: «Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост. Он яке аз ҷашнҳо ва суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад».
Тавре академик Салимӣ изҳор намудааст, ҳамасола Наврӯз ба кишвари фарҳанггустари мо бо хусусияти тозаву ҷолиб ворид мешавад ва имсол низ қадами мубораки он ба Ватани азизамон сарсабзиҳову фараҳмандии дигаре оварда. Соли равон бо ибтикори Пешвои миллатамон Соли ҷавонон эълон шудааст ва Наврӯз табиатан бо ҷавонӣ ҳамбастагӣ дорад; он бо ташрифи муборакаш ҷаҳонро, замину замонро ҷавонӣ эҳдо мекунад, ончунон ки шоире шодмон аз омади ин ҷашни бостонгуҳар нидо дардодааст: «Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро, Айёми ҷавонист заминрову замонро!» Наврӯз Соли ҷавононро боз ҳам пурсуруртару пурнишоттар хоҳад кард.
Соли равон, ҳамчунин, дар диёри арҷманди мо 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад, ки ин ҳодисаи фараҳбахш низ боиси такмили муҳтавои имсолаи ҷашни Наврӯз мегардад. Ба як сухан, фархундаҷашни Наврӯз дар соли равон бағоят ғановатманду пуршукӯҳ хоҳад буд.
Дар хотима Носирҷон Салимӣ изҳори бовар намудааст, ки бо файзу баракати Наврӯзи имсола фаъолияти аҳли Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ боз ҳам тақвият хоҳад ёфт, ин ҷашни пурфар ба бештар гулрезу муаттар, ободу зебо гаштани донишгоҳ  мусоидат хоҳад кард.

Март 16, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид