Ҳаким Фузайлов: «Чунин рақобат барои мо зарур буд»
ДУШАНБЕ, 25.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъди бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Баҳрайн, ки 23 март дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат гирифт ва бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд, ба саволҳо ҷавоб гуфт:
Пеш аз ҳама, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои ташкил кардани ин вохӯрии дӯстона бо яке аз дастаҳои беҳтарини Осиё изҳори минатдорӣ менамоям. Фикр мекунам, ки ин вохӯрӣ пеш аз бозии расмӣ бо дастаи мунтахаби Яман дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 барои мо як таҷрибаи хеле хуб буд. Мо имрӯз дидем, ки то кадом андоза футболбозони ҳайати асосӣ ба бозиҳо омодаанд ва ҳайати эҳтиётиро низ санҷидем. Ман аз ҳунарнамоии бозингарон қаноатмандам. Дар пеш бозии асосӣ моро бо дастаи мунтахаби Яман интизор аст.
-Назари шумо ба бозии имрӯза?
-Бозӣ барои дастаи мо саҳлу осон буд. Аз тарафи дигар дастаи мунтахаби Баҳрайн дар раддабандии ФИФА аз дастаи мунтахаби мо боло меистад. Майдон ҳам хеле олӣ буд. Ноқисие, ки дар ин ҷо ба мушоҳида расид, ин борони сахт буд, ки ба ҳунарнамоӣ халал ворид кард.
-Аз натиҷаи бозӣ қаноатмандед?
-Натиҷа нишондиҳандаи ҳақиқии ин бозӣ буд. Мо тавонистем шаш нафарро иваз кунем. Ин дигаркунии ҳайат мақсаднок буд ва мо хеле тез ба ивазкунӣ сар кардем, зеро ҳолати майдон дар вақти борон бад шуда буд, нахостем, ки бозингарон лат ва ё ҷароҳат бардоранд. Аз натиҷаи вохӯрӣ розием.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Тоҷикистон, ки 23 март, дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Риффа баргузор гардид, бо натиҷаи 1:1 ба поён расид. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов (4-ум дақиқа) ва Комил ал-Асвад ( 90+3) ба нишон расониданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






