Алиҷон Ғоибов: «Саҳми табибони ҷавон дар пешрафти илми тиб назаррас аст»

Март 15, 2017 11:01

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми табибони ҷавон дар татбиқи технологияи муосир» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш президенти Академияи илмҳои тиб, табибони ҷавон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Алиҷон Ғоибов, президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки саҳми табибони ҷавон дар пешрафти илми тиб назаррас буда, онҳо корҳои табобативу ташхисиро дар сатҳи баланд иҷро менамоянд.
«Табибони ҷавон қобилияту истеъдоди зиёд доранд. Онҳо бо истифода аз технологияи муосир ба иваз намудани гурда, ҷигар, клапани дил машғул буда, дар ташхисгоҳҳо озмоишҳои мураккаб мегузаронанд»,- гуфт Алиҷон Ғоибов.
Ба гуфтаи номбурда, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баъд аз хатми донишгоҳ аз ҳамаи технологияи муосире, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, самаранок истифода мебаранд.
Оқилҷон Садриев, корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ибоз дошт, ки дар давоми 7 сол дар марказ 4 ҳазору 237 амалиёти ташхисию табобатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 80 фоизи ин амалҳо танҳо бо иштироки табибони ҷавон иҷро гардидаанд.
«Давоми солҳои охир бо дастгирии бевоситаи устодону профессорони Марказ барои иҷрои ҷарроҳиҳои мураккаб табибони ҷавон ҷалб карда шудаанд. Дар бештари амалҳое, ки бо истифода аз технологияи инноватсионӣ иҷро мешаванд, ҷавонон саҳмгузор мебошанд,- зикр намуд Оқилҷон Садриев.

Март 15, 2017 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад