Ҳалокати ҳафт нафар дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ

Март 9, 2017 12:18

ДУШАНБЕ, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 8 марти соли равон ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-21099», марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бармехӯрад ва дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар натиҷаи ин садама ронандаи мошини «ВАЗ-21099» ва мусофирони он: зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, инчунин мусофирони мошини «Опел-Астра»: зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи мошини «Опел-Астра» ва мусофири дигари мошини мазкур, марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини «Тайота-Кемри», марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи «Дӯстии халқҳо», бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, зани 56-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст, ки дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, таҳқиқи ҳодисаҳои зикргардида аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ идома дорад.

Март 9, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад