Ҷамбасти озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар «Боғи Ирам»-и пойтахт
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ба хўрокҳои миллӣ, аврупоӣ ва меҳнати истеҳсолкунандаи молу маҳсулот дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кадбонуҳои бехтарин аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз рўи шартҳои таомҳои миллӣ ва хўришҳои гуногунро ба маърази тамошо гузоштанд. Аъзоёни ҳакамон ба ҳунари волои кадбонуи босалиқа баҳои баланд дода, ҷойи якум насиби ноҳияи Ҷалоллидини Балхӣ, ҷойи дувум насиби ноҳияи Варзоб ва ҷойҳои сеюму чорум насиби шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рўдакӣ гардида, ғолибон бо Сипосномаву ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тавре баргузоркунандагони ини чорабинӣ хабар доданд, мақсад аз баргузории намоиши мазкур муаррифӣ ва эҳёи навъҳои гуногуни хўрокҳои миллӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






