Ҳамкории ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон

Март 3, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон зимни ҳамоиши миллие, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати мубориза бо савдои одамон» доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ҷомеи шаҳрвандӣ мушкилоти савдои одамон ва иқдомҳои муштараки муқовимат ба он ва расонидани ёрӣ ба қурбониёнро баррасӣ намуданд.
Ҳамоиш дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқ баргузор гардида, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) онро амалӣ менамояд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш баррасии масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва пешниҳоди кумаки мустақим ба муҳоҷирони осебпазир ва қурбониёни савдои одамон мебошад.
Драган Алексоски, роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Гирди як миз ҷамъ овардани тамоми қишрҳои марбутаи ҷомеа ва фароҳам намудани имконият барояшон ҷиҳати табодули назар ва идеяҳои ҳамоҳангӣ ва ҳамкории беҳтар дар роҳи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни он хеле муҳим аст».
Ҳамоиш ба иштирокдорон имкон медиҳад, то навъҳои гуногуни мушкилоти қишрҳои осебпазири ҷомеаро баррасӣ намуда, ба ҷомеи шаҳрвандӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар раванди тасмимгирӣ кумак расонанд.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиш механизм ва ибтикори нави пешбурди мавзӯъи ҳуқуқи инсон дар кишвар баррасӣ ва муайян мегардад..
Бояд тазаккур дод, ки СБМ дар самти муқовимат бо савдои одамон ба Ҳукумати Тоҷикистон дар таҳияи механизмҳои нав ва беҳтар кардани қонунгузорӣ ҷиҳати кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъқиби ҷиноятии савдогарони одамон мусоидат менамояд. Ҳамчунин СБМ огаҳии аҳолиро аз хатарҳои савдои одамон, муҳоҷирати бехавф ва ҳуқуқи инсон боло мебарад.

Март 3, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад