«Ҳар ки қадри зан надонад, аз хирад бегона аст»-конфронси адабӣ
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар ва фасли баҳор дар шуъбаи нусхаҳои ҳатмии Муассисаи давлатии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки китобдорону хонандагони фаъоли китобхона конфронси адабӣ дар мавзӯи «Ҳар ки қадри зан надонад, аз хирад бегона аст» баргузор гардид.
Фазлиддин Маҳмадраҳимзода, корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар конфронс мудири шуъбаи нусхаҳои ҳатмии китобхона Ҳ. Обидова дар бораи нақши зан-модар дар ҷомеа сухан гуфт. Хонандагон низ дар навбати худ дар ситоиши зан-модар шеъру таронаҳо қироат намуданд.
Китобдорон тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии Рӯзи Модар чунин силсилабарномаҳоро бо иштироки хонандагон баргузор намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






