«Арӯси наврӯзӣ» — озмун дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносию илмомӯзӣ, одоби оиладорӣ, ҳамчунин сайқал додани маҳорати ҳозирҷавобӣ, кадбонугиву рӯзгордорӣ ва оиладорӣ имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни донишкадавии «Арӯси наврӯзӣ» баргузор шуд.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар озмун донишҷӯдухтарони 6 факултет ва шуъбаи магистратура иштирок доштанд. Духтарон аз рӯи шартҳот намоиши либоси наврӯзӣ, соҳибхонагӣ, кадбонугӣ, ҳозирҷавобӣ ва соҳибҳунарӣ маҳорати худро нишон доданд. Онҳо бо намоиш додани либосҳои миллии қадимӣ ва муосир, омода кардани хӯришҳои наврӯзӣ, ҷавоб додан ба саволҳои марбут ба устувории оила ва рӯзгордорӣ, ҳамчунин аз таърихи ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он байни ҳам сабқат карданд.
Духтарон тамоми маҳорату кордонӣ, назокату фаросат ва донишашонро ба ҳозирин намоиш доданд. Дилноза Шавкатзода аз шуъбаи магистратура ҷои аввалро сазовор гашта, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифт.
Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил озмунҳо барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






