Қарорҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани тендер» ба тасвиб расиданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарорҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 марти соли 2017 таҳти рақамҳои №99, №100 ва «102 «Дар бораи баргузор намудани тендер» ба тасвиб расиданд.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки барои интихоби пудратчиёни иншооти «Азнавсозии бинои озмоишгоҳ, ҷомашӯйхона, ошхона, анборҳо ва бинои маъмурии Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 тавассути сохтмони бинои нав», «Азнавсозии хати баландшиддати ВЛ10-110кВ», «Сохтмони сусткунандаи об дар дарёи Лучоб», «Сохтмони корпуси иловагӣ барои 320 ҷой дар ҳудуди мактаби №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ва «Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе» мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендерҳо омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти онҳоро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






