Ҷавонон аз мактаби бузурги Пешвои миллат сабақ меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади интихоби ҳайати нави Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайати нави «Созандагони Ватан» иборат аз 21 нафар тасдиқ гардида, оид ба фаъолияти ҳар як номзад ба иштирокдорони ҷамъомад маълумот пешниҳод гардид. Сипас Фирӯзҷон Табаров оид ба фаъолияти панҷсолаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» гузориш дод.
Раҷабалӣ Бобохонов, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур гузориши Фирӯзҷон Табаровро қаноатбахш ҳисобида, ба ӯ ҳамчун роҳбари фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои кӯшишу заҳматҳояш дар рушди ҳамкории ҷавонон, ки дар айни ҳол шумораи фаъолони ин ташкилот аз 200 ҳазор аъзо зиёд гардидааст, изҳори сипос намуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар як ҷавон бояд аз мактаби бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ омӯзад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






