«Ҷавонон бар зидди терроризму экстремизм»- вохӯрии судманд дар ноҳияи Ҷ. Расулов

Март 29, 2017 12:19

ХУҶАНД, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ, окибатҳои он, пешгирии омилҳои он ва равона намудани ҷавонон барои донишандӯзиву корҳои созандагӣ- чунин буданд масъалаҳои асосии вохӯрие, ки дирӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов доир гардид. Вохӯрӣ таҳти унвони «Иштироки ҷавонони ноҳия дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ бо иштироки ҷавонони фаъол ва мутасаддиёни соҳаи ноҳия баргузор шуд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия хабар доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дар ҷомеаи имрӯза аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазири милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Наврасону ҷавононро мебояд саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Март 29, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад