«Ҷавонон–ояндасози Ватан»- мусобиқаи тенниси рӯи миз
ДУШАНБЕ, 11.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан» мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба тенниси рӯи миз доир гардид. Дар ин мусобиқа кормандони Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Беш аз 60 нафар варзишгар дар ҳайати 16 даста маҳорати теннисбозии худро дар рӯи тахта санҷиданд. Тенниси рӯи миз миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳбубияти хоса дорад. Ин аст, ки варзишгарону мухлисони зиёди ин варзиш ба толори варзишӣ ҷамъ омаданд ва дар миёни иштирокчиён шумораи кормандзанон низ кам набуданд.
Сабқатҳо тибқи қоидаҳои қабулшудаи тенниси рӯи миз доир гардида, ба маҳорати варзишгарон аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳогузорӣ шуд.
Дар натиҷаи рақобатҳо ва ҳисоби натиҷаи бозиҳо миёни корманд-занон ҷойи аввалро М.Хисравова аз дастаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ба даст оварда, ҷойи дуюмро Б.Уроқова аз дастаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷойи сеюмро намояндаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ Ф.Азиззода соҳиб гаштанд.
Ҳамчунин дар мусобиқаи тенниси рӯи миз дар байни мардҳо ҷойи аввалро Б. Ёрматов аз дастаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, зинаи дуввумро Ф.Холиқов аз дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Х. Асоев аз дастаи Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи ишғоли ҷойҳои бештари ғолибият дастаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ мақоми дуюм ва дастаи Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд. Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ Ҷом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.











Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






