«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»- ҳамоиш дар ноҳияи Рӯдакӣ
РӮДАКӢ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар бинои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Ҷавонон -пайрави Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш директори корхона Баҳодур Пираҳмадов зикр намуд, ки ҷавонони ҷумҳурӣ бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ, Пешвои худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянду барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Инчунин ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан ва рушди илму техника равона созанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






