«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-ҳамоиш дар шаҳри Панҷакент

Март 18, 2017 13:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» ҷаласа баргузор гардид.
Тавре Некрӯз Кенҷаев, мудири бахши ҷавонони шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа донишҷӯёни коллеҷу донишкадаҳо, омӯзгорон ва олимони ҷавон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистон ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд.
«Мо ҷавонон аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат рӯҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона мекунем. Марзу буми Тоҷикистонро ҳифз намуда, дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи худ медонем»,- гуфта шуд дар ҷаласа.
Ҳамоиши «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» ба ифтихори Соли ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Март 18, 2017 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд