Аввалин намоиши китобҳои наврӯзӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аввалин намоиши китобҳои наврӯзӣ, ки ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида шудааст, манзури хонандагон гардониа шуд.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоиши мазкур хонандагони фаъоли китобхона бо китобҳои шоирону нависандагони машҳури кишвар бо номҳои «Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Миёна», «Одоб ва русуми Наврўз», «Атри Наврӯз», «Наврўзи оламафрўз ва дигар идҳои суннатии сол», «Гули афшони олуча» ва чандин китоби дигар оид ба Наврӯзи байналмилалӣ шинос шуданд.
Зимни намоиш зиёда аз 50 номгӯй китобҳои наврӯзӣ ба алоқамандони толори хониши маъюбон ҳадя карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






