Аз 30 март то 1 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст

Март 30, 2017 12:32

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 март то 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, дар баъзе минтақаҳо боронҳои шиддатнок ва пай дар пай, дар манотиқи кӯҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад. Тавре ки мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳанд, дар ин рӯзҳо эҳтимоли раъду барқ низ вуҷуд дорад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок шуда, борону барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят аз 4 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Эҳтимолияти боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо аз 14 то 19 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок борон меборад. Шабона дар баландиҳои то 2 ҳазор метр барф меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Эҳтимолияти боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 10 то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 12 то 17 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 4 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои то 2 ҳазор метр барф меборад. Раъду барқ ба амал омада, жола меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бемаврид ва нозарур аз минтақа ба минтақаи дигар, бахусус ба манотиқи тармахез ва селрез худдорӣ намуда, боэҳтиёт бошанд.

Март 30, 2017 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад