Азим Иброҳим бо Мазен Шамия рушди имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Вазири корҳои хориҷии Фаластин Мазен Шамия мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо рушди имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ баррасӣ намуда, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳиро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.
Ҷониби Фаластин изҳор намуд, ки онҳо тасмим гирифтаанд Рўзҳои фарҳангии кишварашонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоянд. Ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки ин пешниҳод тибқи тартиби муқарраргардида матраҳ хоҳад гардид.
Ҳарду ҷониб таъкид намуданд, ки баргузории чунин вохӯрӣ ва муколамаҳо заминаи воқеиро барои рушди ҳамкории минбаъда фароҳам меоварад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






