Азим Иброҳим: «Даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ-бе иҳотагирӣ!»

Март 17, 2017 14:25

ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 марти соли ҷорӣ дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди содир шудани фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ», муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии корӣ оид ба даъвати баҳории ҷавононро баргузор намуд.

Тибқи иттилои муовини Сарвазир, новобаста аз он, ки даъвати тирамоҳӣ 13 рўз қабл аз муҳлати муқарраршуда ба анҷом расида бошад ҳам, мутаассифона, баъзан падидаҳои номатлуби бо тарзи иҳотагирӣ даъват кардани ҷавонон барои адои қарзи фарзандии хизмат ба Ватан ба чашм мерасид, ки ин ба талаботи муосир ҷавобгўй намебошад. Ҳамзамон ҳолатҳои ҷалби ҷавонони бемор бо хулосаи нодурусти тиббии Вазорати тандурустӣ мушоҳида мегардид.

Бо мақсади бартараф кардан ва минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо аз 73 комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳбарони 51-тои он иваз карда шуданд. Ба ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии нав таъйингардида супориши қатъӣ дода шуд, ки ба чунин усули ғайри қобили қабул даъват кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хотима бахшанд.

Ба сарпрокурори ҳарбӣ дастур дода шуд, ки назоратро дар самтҳои зикргардида ҷиддӣ ва дар чаҳорчўбаи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монад.

Дар навбати худ Вазорати мудофиа, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ, инчунин масъулини шаҳру ноҳияҳо дар минтақаҳо вазифадор мегарданд, ки корҳои таблиғотию ватандўстиро дар байни аҳолӣ, хусусан дар байни ҷавонон пурзӯр намоянд, зеро марзу буми Тоҷикистон муқаддасанд ва ҳифзу таъмини ягонагии он вазифаи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар мебошад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ нишонаи садоқат ба ин марзу бум ва иҷрои қарзи фарзандии ҷавонон дар назди Модар-Ватан аст.

Март 17, 2017 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад