Ба даст афтодани ноболиғон бо гумони дуздӣ

Март 29, 2017 12:28

ДУШАНБЕ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 11 марти соли 2017, шахси номаълум, пинҳонӣ вориди қаҳвахонааш, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии пойтахт шуда, аз он ҷо ду адад компютери тамғаи «Sony-4» ва ду адад ноутбуки тамғаи «Toshiba»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки зарари расонидашуда 10900-сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбари ҷинояти дуздии мазкур, ҷавонписари 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастгир карда шуд.
Инчунин кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро низ барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршуда 27 марти соли равон, аз хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҳисор як адад телефони мобилии тамғаи «Nokia» ва як адад планшети тамғаи «Alcatel»-ро дуздидааст. Инчунин муайян карда шуд, ки ӯ дар ин рӯз ҳамроҳ бо ҳамсинфаш аз манзили истиқоматии марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ду адад телефони мобилии тамғаи «Samsung» ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи далелҳои мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Март 29, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад