Ба Душанбе аз Ҳисор ҳар рӯз 21 тонна шир ворид мешавад
ҲИСОР, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар рӯз чорводорони шаҳри Ҳисор ба сокинони шаҳри Душанбе беш аз 21 тонна шир мефиристанд. Дар ин кор махсусан саҳми чорводорони хоҷагии кооперативӣ- тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, ҶДММ хоҷагии «Баракати чорводор» ва ҶДММ ба номи Абдурауф Юсуфов хеле калон аст.
Чорводорони шаҳри Ҳисор барои иҷрои муваффақонаи «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» тадбирҳои мушаххас меандешанд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр 7 адад хоҷагии зотпарварӣ бо 4 ҳазору 438 сар чорвои калони шохдор мавҷуданд, ки 1 456 сари он модагови зоти сиёҳало мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






