Ба хабарнигорони воситаҳои ахбори ВМКБ ба шарафи Рӯзи матбуот ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карданд
ХОРУҒ, 11. 03 2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
Дар мулоқот бо хабарнигорон муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекзода аз нақши матбуот дар зиндагӣ ва рӯзгори мардум ҳарф зада, гуфт, ки «матбуот ҳамчун пул миёни мардум ва ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунад. Ҳар мушкиле, ки барои сокинони вилоят пеш меояд, ба кормандони воситаҳои ахбори омма муроҷиат мекунанд ва онҳо ҳукумати маҳаллиро аз ин мушкил огоҳ месозанд. Ман боварӣ дорам, ки ин рисолати худро ВАО минбаъд низ сарбаландона иҷро хоҳанд кард. Касби хабарнигорӣ аз шахс масъулияти бузург талаб мекунад ва ҳар касе агар ин касбро интихоб мекунад, бояд аз ҳар ҷиҳат донову забондону забоншиносу ҷаҳонбинияш васеъ бошад. Баръакси ҳол дар шуғли худ муваффақ намегардад».
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Муовини раиси вилоят ба як гурӯҳ хабарнигорони рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», рӯзномаҳои шаҳрӣ, навоҳии ВМКБ ва собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ Ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ тақдим кард.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






