Ба кормандони тиб зарари ришваситонӣ фаҳмонида шуд

Март 14, 2017 16:12

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа, бахусус миёни кормандони тиб вохӯрии роҳбарият ва сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди ин зуҳурот, инчунин дар самти амалисозии «Стратегияи муковимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони тиб сухан гуфта, аз оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва зарари он ба ҷомеа ва давлат маълумот доданд.
Намояндагони Агентӣ диққати ҳозиринро ба масоили мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар ҷомеа ва зарари манфии он ба пешрафту шукуфоии давлат ҷалб намуданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо баррасӣ шуданд.

Март 14, 2017 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад