Ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тағйирот ворид карда мешавад

Март 20, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 20.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 20 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ва бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, инчунин истифодаи истилоҳоти якхелаи ҳуқуқии дар он истифодашаванда аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достизода таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва «Дар бораи зотпарварӣ» баррасӣ гардиданд.

Март 20, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад