Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ! Расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Март 31, 2017 18:14

ДУШАНБЕ, 31.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохўрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Ҷаноби Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал  қарор  гирифт.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

1). Дар ин муддат шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Инчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳлати будубошашон гузаштааст, метавонанд, ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав, бо нишон додани мақсади вуруд ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рўз дода мешавад ва онҳо имкон доранд дар ин муҳлат будубоши худро расмӣ гардонанд. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандон корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи иқомат ба муҳлати 90 рўз дода мешавад.

2). Дар ин муддат тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба манъи вуруди шаҳрвандони мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия ва воридшавӣ ба Федератсияи Россия» қабул гардида буданд, бекор карда мешаванд.

ЛегализацияТартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия ва воридшавӣ ба Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Бинобар ин шаҳрвандони мамлакат моҳи апрел пеш аз сафар барои муайян намудани ҳолати кор ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо муроҷиат намоянд.

Вобаста ба дигар масъалаҳои алоқаманд ба муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерин тамос гиранд:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 235-03-85; 236-68-88; 236-22-72.

Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 44640-19-51; 44640-91-99.

 

Март 31, 2017 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад