Бахшида ба 105- солагии «Бухорои шариф» конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 105-солагии нашри нахустин нашрияи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» дар кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣамалиеро таҳти унвони «Бухорои шариф» ва сабақҳои он» баргузор гардид.
Тавре аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ хабар доданд, дар конфронси илмӣамалӣ Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ, Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО, профессор Мурод Муродов ва аспирантону донишҷӯён сухан гуфтанд.
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ оид ба нақш ва заминагузории нашрияи «Бухорои шариф» дар кори ба вуҷуд омадани матбуоти тоҷик изҳори назар намуд. Ӯ таъкид намуд, ки нишасти мазкур давоми силсилаконфронсҳоест, ки ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои муҳим, бахусус ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешаванд.
Профессор Мурод Муродов бо ёд кардани таърихи таъсиси нашрияи «Бухорои шариф» баён дошт, ки нашрияи номбурда заминаи хубе барои ба вуҷуд омадани матбуоти тоҷикзабони тоинқилобии Тоҷикистони Шӯравӣ гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






