Бахшида ба Наврӯз дар Душанбе мусобиқаҳои ҷоми «Пойтахт-2017» баргузор мегарданд

Март 10, 2017 16:41

ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 феврали соли 2017 «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе» мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ рӯзи 23 март, соати 14-00 ва пойгаи аспдавонӣ рӯзи 24 март, соати 10-00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», волейбол дар байни бонувон дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» аз 21 то 24 март ва теннис дар байни наврасону духтарон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Тоҷварз» -и шаҳри Душанбе аз 21 то 24 марти соли 2017 баргузор карда мешаванд.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр карданд, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои мазкур ҷиҳати дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2017» аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси шаҳрдории Душанбе ворид гардидаанд,
маблағи 155300 (яксаду панҷоҳу панҷ ҳазору сесад) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Скачки Наврузгох-2

Март 10, 2017 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид