Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат озмуни иншои беҳтарин эълон гардид
ВАҲДАТ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни иншо, маърӯзаҳо ва конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯъҳои «Саҳми Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи саросарии кишвар ва ваҳдати миллӣ», «Эъломияи истиқрори сулҳ ва аҳамияти таърихии он»-ро эълон намудааст. Озмун дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд. Дар ин бора масъулини раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Инчунин бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 120 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ эълон намудаанд, ки имрӯзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ ҷараён доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






