Бахшида ба Соли ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол доир гардид

Март 2, 2017 15:16

ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли ҷавонон дар варзишгоҳи Коллеҷи  тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ба даври нимфиналӣ Коллеҷи тиббӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд роҳ ёфтанд. Варзишгарони Коллеҷи тиббӣ бо ба даст овардани холи зиёд  ҷойи якум ва Ҷоми мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷойи дуюмро варзишгарони Донишкадаи политехникӣ ва ҷойи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Март 2, 2017 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад