Баланд бардоштани фаҳмиши аҳолӣ нисбат ба бемориҳои «сурхча» ва «гулафшон»
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба пешгирӣ ва назорати эпидимиологии бемории «сурхча» ва «гулафшон» дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо иштироки аъзои ситод ва менеҷерҳои КАТС-и ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ҷамъомади вилоятӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамзамон дар доираи ин барнома дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ситодҳои ноҳиявӣ ташкил гардида, оид ба вазъи эпидемиологии бемориҳои «сурхча» ва «гулафшон» мониторингҳои омӯзишию таҳлилӣ гузаронида шуданд.
Ҳадафи баргузории барномаи мазкур такмил додани назорати эпидемиологӣ ва баланд бардоштани фаҳмиши аҳолӣ нисбат ба омил ва сабаби гирифторшавӣ ба бемориҳои «сурхча» ва «гулафшон», инчунин роҳҳои ҳифзи сиҳатӣ аз ин намуди маризиҳо арзёбӣ мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






