Барф дар Бадахшон. Барфу борон садди роҳи таҷлили Наврӯз намешаванд
ХОРУҒ, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд 21 март базми наврӯзӣ дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор мешуд, аммо боронгарӣ ин тасмими сокинони шаҳри Хоруғро як рӯзи дигар ба таъхир гузошт. Муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекзода гуфт, ки «акнун мо ин иди бостониро рӯзи 22 март дар бинои Қасри варзиш бо ширкати беш аз 2 ҳазор нафар доир мекунем. Ин бори аввал нест, ки дар иди Наврӯз барф меборад. Қаблан низ чунин ҳодиса иттифоқ афтода буд, мардум маҷбур мешуд, ки рӯи барф бозиҳои наврӯзӣ баргузор кунад. Ҳоло варзишгоҳи зебову замонавӣ дорем ва пагоҳ дар он ҷо аз Наврӯз истиқбол мегирем. Ҳеҷ гуна барфу боронгарӣ наметавонад, ки дар роҳи ин ҷашни аҷдодӣ монеа эҷод намояд».
Ба гуфтаи сардори шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сайёди Бунёд, барои намоиши барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони «Наврӯзнома», ки наздик ба 200 нафар ҳунармандон, донишҷӯён, муҳассилин дар он ширкат мекунанд, дар ин варзишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин рӯз бо дастгирии Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар долони варзишгоҳ ярмаркафурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






