Баргузории маҳфили «Кадбону» дар ноҳияи Деваштич
ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Соли ҷавонон ва Иди Наврӯз дар ноҳияи Деваштич бо иштироки ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Муҷун, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Далёни Боло ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ маҳфили «Кадбону» доир гардид. Ташаббускорони он бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шӯрои кор бо занони Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон мебошанд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гулдухтарону бонувон дар маҳфил бо намоиши таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва либоси миллии омодакарда иштирокдоронро ба ҳайрат гузоштанд. Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова гуфт, ки бонувону духтарон тарбиятгари насли оянда буда, баҳри посдории фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда доранд. Барои иштироки фаъолона ба бонувону духтарон Сипосномаи Раиси ноҳия супорида шуд.
Ҳадафи маҳфил аз тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи эҳёи расму оинҳои миллӣ, рафтору гуфтори ҳамида ва танзими одобу услуби оиладорӣ, эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, бедор кардани завқи пухтапази таомҳои миллӣ, омодагии духтарон ба зиндагии мустақилона, ҳунармандӣ ва зебоипарастӣ иборат буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






