Баргузории намоиши китобҳои наврӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Март 17, 2017 16:48

ХУҶАНД, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров намоиши китобҳои тозавуруди китобхонаи марказии донишгоҳ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, дар намоиш зиёда аз 1000 адад китобҳои тозавуруд, китобҳои Пешвои миллат, китобҳои устодон ва аз рӯи ихтисосҳо китобҳо ба намоиш гузошта шуданд. Дар доираи баргузории намоиш иштирокдорони он, донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ ширкати фаъолона варзида, аз намоиши китобҳои диққатҷалбкунанда баҳравар гардиданд.

Ба иттилои масъулини раёсати донишгоҳ, ҳадафи намоиши китобҳои тозавуруд ҷалби ҷавонон, хосатан донишҷӯён ба омӯзиши ҳарчӣ бештари илму дониш, шукргузорӣ аз ватани маҳбуб, расидан ба қадри олитарин арзиши башарият -ҳаёт ва озодии инсон, эҳтироми падару модар, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва фарҳанги насли ҷавон мебошад.

 

 

Март 17, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад