Бедилшиносон дар Душанбе дипломатияи мардумиро баррасӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони«Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа», ки 13 март дар Душанбе доир мегардад, бедилшиносонро гирд орад.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиш донишмандони бахшҳои таърихи дипломатия, таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносиву фарҳангшиносии ватанию хориҷӣ ҷамъ омада, доир ба паҳлӯҳои осори шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мирзоабдулқодири Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа табодули назар намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






