Бонки миллии Тоҷикистон: саҳми бонувон дар рушди низоми бонкӣ муассир аст

Март 10, 2017 10:27

ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони шаҳр таъкид доштанд, ки дар сохторҳои бонкӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб гарданд. Ин нукта инчунин зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуда буд.
Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
«Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад»,-таъкид карданд Пешвои миллат.
Дар робита ба ин супориши Пешвои миллат масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки то 1 феврали соли 2017 аз ҳисоби умумии кормандон дар дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон 32% ва дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 33%-ро занон ташкил дода, аз ин шумора 35 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
БНТ Занхо аз Пайём (3)Дар Бонки миллии Тоҷикистон интихоби кормандон асосан тибқи озмун ба роҳ монда шуда, мутахассисони ботаҷриба, забондон ва лаёқатманд ба кор қабул карда мешаванд. Ҳангоми интихоби номзадҳо бештар ба занону духтарони болаёқат диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Зимни доир намудани озмун ва қабули кормандон ба ҷалби занону духтарон афзалият дода мешавад. Дар оянда низ ҳангоми интихобу ҷабаҷогузории кадрҳо ва қабули кормандон ба занону духтарони кордону болаёқат ва соҳибмаърифат афзалияти бештар дода мешавад.
Аз БМТ хабар доданд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро вобаста ба бартараф намудани таъсири буҳрони молиявию ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори низоми бонкии кишвар татбиқ намуда истодааст.
Аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаи бонкдорӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд, ки дар иҷрои онҳо саҳми бонувони кишвар шоиста арзёбӣ мешавад.
Ин иқдом дар навбати худ ба вусъат бахшидани фаъолияти бонкӣ ва беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявию бонкӣ беш аз пеш мусоидат менамояд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар соли 2016 аз шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ 6 ҳазору 39 нафарро бонувон ташкил медоданд. Ба ибораи дигар, вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ соли 2016 беш аз 30 фоизро ташкил дода, аз шумораи умумии бонувон миқдори бонувони роҳбарикунанда дар соли 2016 — 10,3 фоизро ташкил намуд.
Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар самти ҷалби бештари бонувон ба кор дар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо минбаъд низ тадбирҳои муассир андешанд.

Лайло ТОҲИРӢ

Март 10, 2017 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад