Боз 64 килограмм маводи нашъадор ба оташ кашида шуд
ХОРУҒ, 30.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони прокуратура, суд ва воситаҳои ахбори омма беш аз 64 килограмм маводи мухаддирро ба коми оташ андохтанд. Муовини сардори Раёсати мазкур Тиллобек Одинабеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин маводи мухаддир дар давоми сол аз 15 шаҳрванд мусодира гардида, нисбат ба ин шахсон парвандаи ҷиноӣ боз ва баъди анҷоми тафтишот ба суд фиристонда шуд. Суд дар ҳаққи нашъаҷаллобон ҳукм содир карда, онҳоро ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд.
Бояд зикр кард, ки як сол пеш дар бухории махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 85 килограмм анвои мухталифи маводи мухаддир нобуд карда шуд. Дар давоми се моҳи соли равон аз тарафи ниҳодҳои марзбонию қудратӣ 23 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайрқонунии маводи нашъадор ошкор ва зиёда аз 103 килограмм маводи мухаддир мусодира шуд.
Дар робита ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд ва ҳоло тафтишот идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






