Боздиди Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятӣ
ДУШАНБЕ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии пойтахт дидан кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз тарҳу лоиҳаи ангораи сохтмони бинои мазкур, бо корҳои сохтмонии анҷомдодашуда ва нақшаи сохтмончиён аз наздик шинос гардид. Ттибқи нақшаи тасдиқшуда дар бинои нави маъмурии барои кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ ҷудошуда, ки аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст, бунёди қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона, мошинсарой ва дигар иншооти зарурӣ дар назар дошта шудааст.
«Рамазон Раҳимзода ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ, дар вақти муайянгардида ва бо тамоми шароити хизматии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба истифода додани бинои мазкур ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои дахлдор дод»,- иттилоъ доданд аз Вазорат.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






