«Чархболҳои Россия» дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон харидор мекобанд

Март 30, 2017 12:38

ДУШАНБЕ, 30.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Россия барои ба фурӯш баровардани чархболҳояш дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон саъй менамояд. Дар ин росто Ҷамъияти саҳомии «Вертолёты Росии» /«Чархболҳои Россия»/ дар қароргоҳи ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» чархболҳои сохти Россияро муаррифӣ намуд.
Дар маросими муаррифии чархболҳои истеҳсоли Россия Хайрулло Раҳимов, директори ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» гуфт, ки муаррифии чархболҳои сохти Россия дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» бо ширкати русии «Чархболҳои Россия» ва дар ин замина омӯзиши кормандони техникӣ, баланд бардоштани таҷрибаи мутахассисони бахши ҳавонавардии кишвар дар асоси мубодилаи таҷриба баъди фурӯши чархболҳо нақши муассир мегузорад.
Дар ҷамъомад мутахассисони ширкати «Вертолёты России» доир ба зарфиятҳои муҳим ва афзалиятноки чархболҳои сохти русии МИ-8/17, Ка -226Т ва «Ансат», бахусус хусусиятҳои хизматрасонӣ ва фарқкунандаи онҳо, иҷрои парвоз ва дигар паҳлӯҳояшон гузориш доданд. Зикр шуд, ки чархболҳои сохти русӣ алҳол дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муштариёни зиёд доранд. Ин чархболҳо дар шароит ва иқлими Тоҷикистон, ки кишвари гарму кӯҳистон аст, мусоид буда, истифодаи онҳо ҷиҳати ҳифзи минтақаҳои кӯҳистонии сарҳади давлатии кишварамон хеле мувофиқ мебошад.
Хусусан тибқи арзёбии коршиносони бахши ҳавонавардӣ, чархболи «Aнсат» дорои як қатор афзалиятҳои рақобатпазир дар бозори ҳавопаймоӣ аст. Ин чархбол ҳангоми истифода хеле боэъимод буда, дар иқлими гуногун бо тафовути калон байни ҳарорати мусбат ва манфӣ истифода мешавад. «Ансат» дар ҳамлу нақли мол, мусофирон, инчунин назорат, корҳои ҷустуҷӯӣ ва амалиёти наҷотдиҳӣ, сӯхтор, расонидани ёрии тиббӣ ва дар ҳолатҳои фавқулода кӯчонидани аҳолӣ истифода мегардад.

Март 30, 2017 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд