Д. Гулмаҳмадзода: «Дар масъалаи дастрасӣ ба иттилоот имрӯз ягон монеа вуҷуд надорад»
ҚӮРҒОНТЕППА, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷамъомад баргузор гардид. Д. Гулмаҳмадзода зикр кард, ки ВАО-и мамлакат дар асоси қонунҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Ҳоло дар вилоят 4 телевизион, 44 нашрияи шаҳриву ноҳиявӣ, 3 рӯзномаи вилоятии «Хатлон», «Новый Хатлон» ва «Дӯстлик» фаъолият доранд.
Ба иттилои раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон маҷаллаҳо ва дигар нашрияҳои соҳавӣ фаъоланд. «Дар масъалаи дастрасӣ ба иттилоот имрӯз ягон монеа вуҷуд надорад ва ВАО-и ватанӣ ҳама вақт аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбанд»,- иброз дошт Д. Гулмаҳмадзода.
Сипас дар ҷамъомад натиҷаи озмуни вилоятии «Неруи сухан» эълон гардид.
Дар бахши «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» ба рӯзноманигорон Сайраҳмон Назриев (маҷаллаи «Сафо»), Ҳангомаи Исмат (рӯзномаи «Хатлон») ва Азизи Фаттоҳ («Субҳи Шаҳритус») мукофотпулӣ супурда шуд. Рӯзномаи шаҳрии Қӯрғонтеппа- «Набзи Қӯрғонтеппа» дар бахши «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрию ноҳиявӣ», намояндаи телевизиоин «Ҷаҳоннамо» Шариф Мираков дар бахши «Беҳтарин гузориши телевизионӣ» ва хабарнигори радиои вилоят Аҳмадҷон Раҳимзода дар бахши «Беҳтарин гузориши радиоӣ» барандаи мукофот дониста шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода ғолибони озмунро табрик намуда, ба онҳо аз 500 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Шаҳодатнома супурд. Раиси вилоят пешниҳод кард, ки чунин озмунҳо мунтазам гузаронида шаванд, зеро онҳо ба касбияти рӯзноманигорон ва рушди соҳаҳои мухталифи вилоят таъсири мусбат мерасонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






