Далер Миҳтоҷов: «Ҳадафи ташкили намоиш дар Сафорати Франсия муаррифии фарҳангу тамадуни бойи тоҷикон аст»
ДУШАНБЕ, 15.03.2017./ АМИТ «Ховар»/. Намоиши навбатии асарҳои рассоми ҷавон ва муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов бо номи «Асрори кӯзаҳо» 15 марти соли равон соати 17:30 дар Сафорати Франсия дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре Далер Миҳтоҷов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, намоиш ба омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапай бахшида мешавад.
Ба иттилои рассом, дар намоиш зиёда аз 25 ҳунари наққошӣ аз ашъори Умари Хайём манзури тамошобинон гардонида мешаванд. Ҳадафи ташкили намоиш дар Сафорати Франсияро Далер Миҳтоҷов дар муаррифии ҳунару фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон ва тавсеаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон бо Франсия арзёбӣ намуд.
Дар назар аст, ки дар намоиш китоби тозаэҷоди Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Кӯзаҳо чӣ мегӯянд» муаррифӣ шавад. Китоб маҷмӯи ашъори рубоиёти шоири барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайёмро дар бар мегирад. «Кӯзаҳо чӣ мегӯянд» чанде пеш бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Ҷамъияти кушода-«Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон (СОРОС) ба табъ расид.









Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






